12 августи соли 2026 дар толори IT Park-и шаҳри Душанбе чорабинии идонаи маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҷавонони тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҷавонони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ҳамчун неруи созанда ва дорои иқтидори баланди зеҳнӣ дар рушди илму маориф, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои кишвар нақши муҳим дошта метавонанд. Аз ин рӯ, таҳкими робитаи онҳо бо Ватан, мубодилаи дониш ва таҷрибаи пешқадам ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи иқтидори онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҷавонони соҳибистеъдод бояд дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар роҳи рушди устувор, пешрафти илму технология ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол самаранок истифода намоянд.
Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ҳамчун майдони муҳим барои таҳкими робита, табодули таҷриба ва ҳамгироии ҷавонони тоҷик, инчунин ҷалби онҳо ба равандҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию инноватсионии кишвар арзёбӣ мегардад.
Суруди миллӣ



