ҶАЛАСАИ КОРИИ МУОВИНОНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОДИЛЗОДА ДИЛБАР РАҲИМ, МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТОҲИРЗОДА МЕҲРИДДИН МАҲМАДШАРИФ ВА СОХТОРҲОИ ДАХЛДОРИ МАҚОМОТИ ҚУДРАТӢ


1-уми августи соли 2026 дар Литсейи Умари Хайём бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе (сарпарасти соҳа) Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин Маҳмадшариф, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, намояндаи Прокуротураи шаҳри Душанбе Камолзода Гулбаҳор, муовини якуми сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Қосимзода Маъруфҷон, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Талбзода Сафаралӣ, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники миллитсия Раҳимзода Зафар иштирок намуда, вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Дар љаласа баррасии 2 масъалаи асосӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
1. Рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2026, № 271 “Дар бораи таъсиси Ситод оид ба назорати истеҳсол ва саривақт харидорӣ намудани либосҳои мактабӣ”.
2. Тибқи талабот ба роҳ мондани ҷараёни қабули кӯдакон ба синфи 1-ум ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, алалхусус, муассисаҳои таҳсилоти умумии таълим бо забони русӣ ва дуруст роҳандозӣ намудани раванди озмунҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии типпи нав (гимназия ва литсейҳо), инчунин, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027.
3. Масъалаҳои ҷорӣ.
Дар ҷаласаи корӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, соҳибкорони ватанӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф андешаронӣ намуданд.
Сипас муовини раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин Маҳмадшариф вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2026, №271 “Дар бораи таъсиси Ситод оид ба назорати истеҳсол ва саривақт харидорӣ намудани либосҳои мактабӣ аз нуқтаҳои муайяншуда (ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ) суханронӣ намуда, барои босифат ва кафолатнок истеҳсол намудани сару либосҳои ватанӣ ба соҳибкорони ватанӣ ва муовинони соҳавӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар ҷаласа қайд намуданд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба камбудию норасогиҳои соҳа ва сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои алоқаманд дар тамоми муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда аз ҳоло барои бе мушкили таҷлил намудани Ҷашни мазкур корро ҷоннок намоянд.
Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, як қатор супоришҳои судманд дода шуд.
Инчунин, дастур дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти корӣ, бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои толибилмон дар муассисаҳои маориф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
[07.08.2026 13:41] Azim: Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Одилзода Д. Р. қайд карданд, ки аз ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба соҳаи маориф қайд карданд, ки худ шоҳиди онем, ки солҳои охир аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чи қадар муассисаҳои нави замонавӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб сабаби он гардиданд, ки соҳаи маориф шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Сипас мавсуф қайд намуданд, ки дар баробари ин ҳама дастовардҳо боз мушкилотҳое ҳастанд, ки соҳаро ба ташвиш овардааст, аз ҷумла, зиёд шудани ҷинояткорию қонуншиканиҳо миёни ноболиғони муассисаҳои таълимӣ ва бархе аз омӯзгорону мураббиён ва даст ба ҳолатҳои коррупсионӣ заданӣ баъзе аз кормандони соҳаи маориф бахусус роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад, ки барои бартараф намудани чунин камбудиҳо ба сохторҳои дахлдор ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин, дар ҷаласа сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, намояндаи Прокуротураи шаҳри Душанбе Камолзода Гулбаҳор, муовини якуми сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Қосимзода Маъруфҷон, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Талбзода Сафаралӣ, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники миллитсия Раҳимзода Зафар ба сухан баромада, вобаста ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳар яке аз баромадкунандагон вобаста ба самти фаъолияти кории худ ва ёдовар шудан аз камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои пешгирии ҷинояту қонунвайрорнкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ибрози андеша намуданд.
Инчунин, ҷиҳати қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ таъкид карда шуд, ки бо шаҳрвандон муносибати дуруст дошта, тибқи талабот ба роҳ монда шавад.
Сипас вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки назоратро дар ин самт ҷиддӣ намуда, миёни хонандагону волидон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Инчунин, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор гардиданд, ки корро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда, худашон муассисаҳоро назорат намуда, ҷиҳати азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сатҳу сифати дониши хонандагон аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Ҷиҳати бехатарӣ ва пешгирӣ намудан аз ҳар гуна ҳолатҳои фавқулода, бемориҳои сироятӣ, талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани атроф ва дохили муассисаҳои таълимӣ корбарӣ карда шуда, пайваста дар ин самт назоратро пурзур намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои саривақтӣ андешида, барои омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт ба соли нави таҳсил ва таҷлили сазовори 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста ҷорабиниҳои дар пешистодаро бо як шукуҳу шаҳомати тоза ва дар сатҳи баланд таҷлил карда шавад.